Кӯлоб: беш аз 400 нафар ба даври дуюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд

Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 нафар иштирокчиёни Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки ин аз маҳбубият касб кардани озмуни мазкур миёни аҳолӣ ва рӯ ба китобхонӣ овардани шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Бештари довталабонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аксари онҳо дар номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона иштирок доштанд.

Сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшо Ҳакимзода иттилоъ дод, ки «аз муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар озмуни мазкур беш аз 300 нафар ширкат доранд, ки 276 нафари онҳо дар номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона номнавис шудаанд».

Азбаски шумораи иштирокчиён хеле зиёд буд, довталабони номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона давоми ду рӯз назди ҳакамон баромад карданд. Ҳакамон вобаста ба талаботи озмун ба омодагии ҳар довталаб аҳамият дода, бештар аз адабиёти тавсияшуда ва адабиёте, ки довталабон пешниҳод карда буданд, суолу ҷавоб мекарданд. Қисми зиёди иштирокчиён хеле фаъол буданд. Имсол дар озмун шумораи калонсолон низ зиёд шуда, онҳо дар номинаҳои гуногун ширкат меварзанд.

Мақсади асосии баргузории озмун- ин бештар ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ ва таҳрики маърифати зеҳнии хонандагон мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE