НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст

30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълон гардидааст. Бахшида ба сана  Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ андешаҳояшро пешниҳоди хонандагон намуд.

— Баргузории солгарди бузургони илм, адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо дар  марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ, таърихиву илмӣ аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад, ки онҳо, бешубҳа, аз сиёсати созанда, маорифпарварона ва фарҳангии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо тавонистем дар 33 соли даврони Истиқлоли давлатӣ як силсила маъракаҳои муҳими илмию адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва коршиносони номии хориҷӣ ва ватанӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем. Аз ҷумла, таҷлили ҷашни бошукуҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб,  бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии гузаштаи дуру наздик — Борбад, устод  Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Камолиддин Беҳзод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  Садриддин  Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон исботи ин гуфтаҳо мебошанд. Ин чорабиниҳо на танҳо мавриди бисёр муносиб ва хуб барои шинохти амиқ, таҳқиқ ва баррасии илму адаб ва фарҳанг мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ба шумор мераванд.

Баргузории Рӯзи Малоно ҳамасола дар ҷумҳурӣ низ давоми мантиқии ин гуна чорабиниҳо мебошад ва он  ба  бузургдошти шеъру фалсафаву ҳикмати Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки аз зумраи беҳтарин нобиғаҳои адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор рафта, бо афкори ирфонӣ ва фалсафию иҷтимоии худ на танҳо дар  тамаддуни мамолики Шарқ, балки дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши азиме гузоштааст, бахшида мешавад.

Бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз абармардони фарҳанги бостони мо аст ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри баланди тоҷик буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

Давроне, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ умр ба сар бурдааст, яке аз давраҳои пурошӯбу серташвиш дар ҳаёти ҳар яке аз бузургони ҳамасри ӯ мебошад. Дар айёми кӯдакӣ то дами пирӣ Мавлоно аксари мамолики Шарқро тай намуда, аз ҳар қавму миллат ғизоҳои маънавӣ гирифт, забон омӯхт ва осорашро бо либоси назму наср ва бо якчанд забон оро дод. Аз ҳамин сабаб аҳли илм ва донишмандони аксари мамолики Шарқ Мавлоноро аз они худ медонанд. Чунки Мавлоно зодаи Тоҷикистони мо аст ва дар мамолики Шарқ таҳсил намуда, чанд баҳори умрашро дар он ҷо гузаронида, аз улуми дин ва забони ақвоми Шарқ бархӯрдор гардид ва дар Осиёи Сағир асарҳои пурмуҳтавояшро офариду дар ҳамон ҷо дафн шудааст, ки имрӯз мазори ин абармард зиёратгоҳи ҳаводоронаш дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Донишмандони номваре, чун Рейналд Николсон, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Абдулҳусайн Зарринкӯб, Шиблии Нуъмонӣ, Анамери Шиммел, Фритиз Майер, Ҳелмут Риттер, Абдулкарими Суруш, Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ, Абдулбоқии Гулпинорлӣ ва боз даҳҳо фозилони дигар дар шинохти осори Мавлоно корҳои зиёде анҷом  додаанд.

Николсон бо ҳама бузургӣ дар пешгоҳи муаллифи ин китоб ба зонуи аҷз нишастааст. Устод Зарринкуб фармудааст, ки оё мешавад «баҳрро дар кӯза ҷой диҳӣ», Анамери Шиммел, мавлавишиноси тавоно, профессори донишгоҳи Ҳарвард бо «Шукуҳи Шамс» дил ба дилдори лоязолӣ бибохт ва осори Мавлоноро мисбоҳи ин роҳ шинохт. Ба ҳамаи онҳое, ки бо осори Мавлоно ошноӣ доранд, возеҳу равшан аст, ки шарҳҳои зиёде нисбат ба «Маснавии маънавӣ» навишта шудаанд ва охирин шарҳҳои бисёр хуби Николсон, Фурӯзонфар, Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, Карими Замонӣ, Абдулбоқии Гулпинорлӣ ва Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ ба табъ расидаанд. Шарҳи устод Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ дар даҳ ҷилд ва шарҳи устод Карими Замонӣ дар ҳафт ҷилд аз ҷумлаи беҳтарин шарҳҳо ба «Маснавии маънавӣ» мебошанд.

Аз нигоҳи Мавлоно яке аз сарчашмаҳои бадбахтии инсон бедонишӣ ва ҷаҳолат аст. Ӯ донишро ба  маънои васеи ҳам донишҳои динӣ ва ҳам дунявӣ медонад. Имрӯз гуфтаҳои Мавлоно дар ин хусус аҳамияти бештаре касб кардаанд, зеро маҳз андешаҳои экстремистӣ боиси ба вуҷуд омадани амалҳои ихтилофангез ва фоҷиаҳои бузург гардидаанд. Аз ин рӯ ӯ барои фарҳангҳои гуногун донишро ҳамчун бедорӣ аз хоби ғафлат медонад ва таассубу бадбиниро натиҷаи нодонӣ мешуморад. Мавлоно зимни баёни ҳикоятҳо ва ривоятҳои гуногун мардумро ба дониш ва меҳру муҳаббат даъват менамояд ва маърифатро равшанибахши василаи камоли инсонӣ ва ормонию осудагӣ медонад:

Хоб бедорист, чун бо дониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.

Шоири вораста хашмро зодаи кибру ғурур гуморидааст, зеро агар инсон «мову ман»-и худро аз байн набарад, наметавонад инсони комил шавад.

Ҳикматҳои офаридаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар замони мо ҷойгоҳи худро пурра нигаҳ доштаанд ва бисёре аз онҳо дар замони модигароии саросарӣ, худпарастии ғарбӣ ва исломи толибониву наҳзатӣ  мояи бознигарӣ ва бозандешии мардумон мебошанд.

Ҳақиқати мусаллам аст, ки Ҷалолуддини Балхӣ (1207 – 1273) нобиғаест дар олами маърифат, ки партави нури осмонияш ҳидоятгари нубуғи фикрӣ дар ҳар фарди ҳамкешу ҳампешааш гашта, таълиму тарбияи ҳиссӣ ва маънавияш ҳазорон марди майдони ирфони назарӣ ва амалиро бар арсаи вуҷуди мақсуд овардааст. Намунаҳое аз хирвори андешаи ӯ дар осори бузургони фалсафаву ҳикмат, илму маърифат, шеъру адаб ва таҷрибаву тарбият таҷассум ёфта, хидмати беминнати ӯ мояи шукру таҳсин ва тамҷиду офарин аст.

Зимнан бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва хусусан пас аз ҷашни 800-солагии Мавлоно дар ҷумҳурии мо мавлавишиносӣ суръати тоза гирифт. Олимону донишмандони тоҷик доир ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаву китобҳои зиёде ба табъ мерасонанд. Дар як муддати кӯтоҳ «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва дигар осори ӯ аз чоп баромаданд.

Ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифтани зодрӯзи Мавлонои бузург аз сиёсати фарҳангпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта,  нишонаи возеҳи эҳтироми мо ба хизматҳои таърихии ӯ дар ҳаққи миллати худ ва аҳли башар мебошад. Ҳамзамон ин ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба гузаштагон, ҳикмати ниёгону андешаи бузургворон мебошад, ки моро аз ду

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE