Муъминобод: Сокинони аз 18-сола боло ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд
Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Муъминобод баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 бо дастрасӣ ба ваксина бар зидди ин беморӣ сокинони аз 18-сола болоро ба ваксинатсия фаро гирифтааст.
Директори Маркази иммуннопрофилактика Зебунисо Соҳибова иброз дошт, ки «дар давраи якуми ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 1000 нафар кормандони соҳаи тиб фаро гирифта шуданд. Дар давраи дуюм аллакай 1500 нафар сокинони аз 18-сола болоро ваксинатсия кардем. Дар марказ тамоми шароит барои пурра аз ваксинатсия гузаронидани сокинони ноҳия фароҳам оварда шудааст».
Дар баробари кушодани нуқтаҳо барои ваксинатсия як қисми сокинон дар манзилҳои зисташон аз муоина гузашта, ваксина мегиранд. Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ваксинатсия масунияти баданро қавӣ гардонида, ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро бартараф мекунад.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марказҳои савдою хизматрасонӣ, бозорҳо ва ташкилоту корхонаҳои ноҳия ба сокинон ниқобҳои яккаратаи тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Инчунин, дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо пайваста корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тадбири дигари пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ-ин риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода намудани муҳити зист мебошад. Дар ин самт низ дар ноҳияи Муъминобод корҳо идома дошта, аксияҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона ташкилу роҳандозӣ мешаванд.