Макони истироҳати ҷавонони пойтахт

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Рахмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.

Боғи фарҳангию фароғғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд. Корҳои навсозӣ дар боғ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ шуданд.

Ҳудуди МД “Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 000 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 000 метри мураббаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғғонкунии боғ 267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд. Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғ зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд. Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 400 000 бех, муҳити боғро назаррабо гардонидаанд. Як фаввораи бузургӣ бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фаввораи хурд бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо чунин иншооти истироҳатию фароғатӣ бунёд ва навсозӣ карда, дар онҳо барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии хосашон диққатҷалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

Фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғт фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳусни нотакрор бахшидаанд. Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҷои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд.

Дар боғ майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст, ки аз ин шароити фароҳамовардашуда табъи сокинону меҳмонон, бахусус кӯдакону наврасон болида мешавад. Шомгоҳон боғ бо чароғҳои ранга, фаввораҳои дилфиреб ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ басо зебою назаррабо мегардад.

Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон куллан тағийр ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад. Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Боги фарзангию фарогатии «Кӯли ҷавонон» то имрӯз бо шароити мусоиди истироҳату фароғат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор гирифта, ба ҷойи дӯстдоштании онҳо табдил ёфтааст.

Зулайхо САФАРОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE