Ҷаҳони Азонзод: ғизои нокифоя муқобилияти баданро ба бемориҳои гуногун суст менамояд

Тамоми мамолики дунё барои беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон як қатор шароитҳоро муҳайё месозад ва вобаста ба он қонуну қарорҳои дахлдорро тасдиқ мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои таъмин намудани аҳолӣ бо ғизои солим чораҳои заруриро меандешад, зеро инсоният аз ибтидои мавҷудияти худ, пеш аз ҳама, ба ғизо ниёз дорад ва ҳама вақт талош барои истеъмоли ғизои солим менамояд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти озуқаворӣ” “амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад”. Озуқаи асосӣ – вояи ғизоиро ташкил дода, барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти ҳаётии ӯ заруранд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ин таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад. Тавре ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, яке аз самтҳои рушди нерӯи инсонӣ тандурустиву дарозумрӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат дар ин ҷода саломатии мардумро яке аз омилҳои пешрафти мамлакат ва солимии насли оянда мешуморад.

Доир ба истеъмоли ғизои солим ва авлавиятҳои он ба бунияи инсон доктори илмҳои тиб, ғизошинос Ҷаҳони Азонзод, зимни ибрози андешаҳо гуфт, истеъмоли таоми серғизо ва аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси хуб рушд ёфтани ҷисми инсон гардида, дар баробари ин ҳолати фикрониро низ беҳтар менамояд. “Ин аст, ки ҳамеша мутахассисони соҳаи тиб риоя кардани онро дар давраҳои гуногуни умр, махсусан дар айёми мактабхонӣ хеле муҳим меҳисобанд”, – гуфт мавсуф.

Ба андешаи ӯ, борҳо аз ҷониби мутахассисон тавсия дода шудааст, ки пас аз истеъмоли хӯроки шом ва махсусан, пеш аз хоб кардан набояд дигарбора хӯрок хӯрд, чунки ин ба вазнинии рӯдаҳо оварда мерасонад. Табиб Ҷаҳони Азонзод, мегӯяд, имрӯз Тоҷикистон аз манфиатҳои моддиву табиӣ, ба мисли обҳои шаффофу тоза, кӯлҳову чашмаҳои шифобахш, алафу гиёҳҳои доругӣ бой мебошад ва инчунин барои солимии мардуми тоҷик дар мамлакат корхонаҳои оббарорӣ бо истифода аз оби чашмаву кӯлҳои шифобахш, корхонаҳои дорусозӣ аз ҳисоби алафу гиёҳҳои доругӣ ва меваву сабзавотҳои тару тозаи дохилӣ, инчунин, осоишгоҳҳову табобатхонаҳои бо обҳои гарму шифобахш ҷиҳозонида шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Инсоният дар интихоби ғизо набояд якрангию якмаромиро пеш гирад. Истеъмоли ғизои омехта дар ҳама маврид бояд оқилона ба роҳ монда шавад. Яъне, сабади истеъмолии сокинони кишвар бояд гуногун бошад. Ба сабади истеъмолӣ гӯшт, нон, тухм, наъҳои гуногуни сабзавоту мева, маҳсулоти донагии мисли лӯбиёву нахӯд, равған, шакар ва шириниҳои мисли шоколад дохил мешавад. Ин маҳсулот аз қабили маводи зарурӣ барои организми инсон маҳсуб мешавад.

Ақидае ҳам роиҷ аст, ки гӯё маҳсулоти гӯштӣ дар ғизои инсон бояд дар мадди аввал бошад, вале ин фикр тамоман нодуруст буда, барои истеъмол дигар маҳсулоти ҳамрадифи он вуҷуд дорад.

Борҳо мешунавем, ин табибон тавсия медҳанд, то ин ё он маҳсулотро зиёд истеъмол накунем, чунки холестеринаш баланд асту ба инсон зарар дорад. Ғизошинос Ҷаҳони Азонзод дар ин маврид мегӯяд, ҳамаи витаминҳо барои инсон фоидаи калон доранд, вале витамини С дар ин радиф аҳамияти бештар дорад.

Ғизои дуруст ба инкишофи муътадили ҷисмонию фикрии инсон мусоидат мекунад. Ғизои нокифоя инкишофи бунияро боз медорад ва муқобилияти узвҳоро ба бемориҳои гуногун суст менамояд. Ҳамзамон, ғизои барзиёд ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва ҳазми хӯрокро халадор месозад. Дар ин маврид, мувофиқи талаботи ба моддаҳои ғизонок доштаи организм, инчунин аз рӯи таносуби дурусти байни моддаҳои ғизоӣ хӯрок истеъмол кардан тавсия дода мешавад.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE