Ғалабаи наврасони Тоҷикистон ба ҳамсолони узбекашон
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии рафиқона бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуданд.
Бозии рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуд.
Бозингари мунтахаби меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод. Бозингари мунтахаби мо Азиз Зарифӣ дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард. Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи дуюми худ ва панҷуми мунтахаби моро зад. Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол гардида, тавассути Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро тағйир доданд (5:3). Боз ҳам футболбозони навраси Тоҷикистон ташаббус ба даст гирифтанд ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақаи 78 голи шашумро ба ҳадаф расонд.
Рӯзи ҷумъа, 13 август, мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дуюми рафиқона доир мекунанд.