Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи ФИФА дар мақоми 120-ум қарор гирифт

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) бори аввал дар соли нав рейтинги дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар он ҷои 120-умро мегирад. Командаи мо 1144 хол дорад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи равон бо дастаи миллии Урдун (0:2, 1:0), ки дар Дубай баргузор шуда буданд, ду бозии дӯстона анҷом дод.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро бо дастаи Муғулистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи «F» анҷом медиҳад. Вохӯрӣ 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 18:00 оғоз меёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE