Анҷоми ваколати дипломатии Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон

11 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Лоусонро бинобар ба итмом расидани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро баҳри таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE