Масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд

17 август Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири тиҷорат ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири иттилооти Арабистони Саудӣ доктор Маҷид Абдуллоҳ Ал-Қасабӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар медиҳад.

 Дар мулоқот масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкорӣ байни расонаҳо ва муассисаҳои иттилоотии ду кишвар табодули назар карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE