Натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар ИМД дар соли 2021 эълон гардиданд

18 август натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар озмуни тақсимоти такрорӣ шахсони зерин:  довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштанд  ва довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил кардан надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, иштирок намуданд.

Маркази милли тестӣ барои ҳар довталабе, ки ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз нав худро сабти ном кардааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушодааст. Кабинетҳои инфиродии довталабон низ 18 август фаъол карда шуданд. Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) фиристода шуд.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз  22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ё комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида муроҷиат карда натавонистан  бояд дар ин хусус роҳбарияти муассисаи мазкурро тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Дар сурати то 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардан ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Ёдовар мешавем, ки довталабон метавонанд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ: office@ntc.tj  пешниҳод намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE