Ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдимкарда шуданд

Тавре қаблан хабар дода будем, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Имрӯз аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он мукофотҳои давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд, тақдим гардиданд.

Дар маҷмӯъ ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, 2 нафар медали Шафқат, 5 нафар медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмату талошҳои содиқонаи ҳар фарди худогоҳу худшиноси ватанро қадршиносӣ карда, пайваста дастгирӣ менамояд.

Дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонидани кормандони фаъоли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаву раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари ҳамин аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE