Душанбе мизбони Фестивал ва Форуми сайёҳӣ мегардад

Фестивали байналмилалии  «Душанбе — пойтахти сайёҳии  давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ/ ва Форуми  байналмилали и  «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон»  29 август дар Душанбе баргузор мегарданд, иттилоъ доданд аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Зикр шуд, ки Фестивали байналмилалӣ ва Форум оид ба рушди агротуризм дар доираи  эълон гардидани  шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои СҲИ барои солҳои 2020-2021 гузаронида шуда, ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди соҳа мебошад.

Дар Фестивал ва Форуми байналмилалӣ  дар радифи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон инчунин  меҳмонон аз кишварҳои аъзои СҲИ, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар ҳошияи баргузории Фестивали байналмилалии  «Душанбе –пойтахти сайёҳии  давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми  байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон»   шоми 29 август дар «Боғи Ирам»  имконияту зарфият ва дастовардҳои сайёҳии  Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардонида мешавад.

Дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии  «Душанбе –пойтахти сайёҳии  давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми  байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» меҳмонон ва иштирокдорон  ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз хоҷагиҳои  деҳқонӣ ва ангурпарварии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ҳамчун  яке аз зарфиятҳои  рушди агротуризм бозид менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE