Душанбе: Оғози мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар Маҷмааи варзиши обӣ

28 июн  дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки  он ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, доир гардид. Дар  мусобиқаи мазкур  6 даста —  варзишгарони шиновар аз  Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам сабқат менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Дар мусобиқаи анъанавӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута доир карда мешавад, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, сардори Раёсати варзиши Ҷамъияти «Динамо»-и Ҳаракати умумироссиягии «Динамо»-и Федератсияи Россия полковники милитсия Андрей Данилов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханорӣ намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, тарғибгари ҳаёти солим, тинҷиву оромӣ, таҳкимбахшандаи риштаҳои дӯстию рафиқӣ байни халқу миллатҳо мебошад. Бо дастгирӣ ва таҳти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш, такмили маҳорати варзишгарони кишвар ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя таваҷҷуи хосса зоҳир карда мешавад. Тайи солҳои охир, инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҷумҳуриямон хеле рушду инкишоф ёфта, дар саросари кишвар садҳо иншооти хурду калони варзишӣ сохта мавриди истифода қарор мегиранд. Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ низ баёнгари ин гуфтаҳост, ки яке аз иншооти замонавӣ ба хисоб меравад. Барои омода намудани варзишгарон мураббиёни ботаҷриба ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Боварӣ аст, дар оянда низ чунин чорабиниҳои варзишӣ бо мақсади дӯстию ҳамгироии байни миллатҳо боз ҳам дар сатҳи баландтар баргузор карда шуда, теъдоди бештари варзишгарон ҷалб карда хоҳанд шуд».

Варзишгарони иштирокчӣ аз рӯи намудҳои варзиши шиноварии тарзи озод, баттерфлай, брасс, пуштнокӣ ба масофаҳои 50 метр, 100 метр, маҷмуавӣ ба масофаи 200 метр ва эстафетаи даставӣ дар масофаи 4х50 метр байни занҳо ва мардҳо дар алоҳидагӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Доварони дараҷаи байналмилалӣ зери роҳбарии сардовар, довари дараҷаи байналмилалии аъзои ФИНА Шерзод Иногамов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон назорат ва баҳогузорӣ варзишгаронро ба зимма доранд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибони намудҳои варзиши шиноварӣ муайян ва дар маросими тантанавӣ бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE