Душанбе: Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид
11 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз шуд. Дар ин бора котиботи СҲШ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои омодагӣ ба саммити ҷашнии дарпешистодаи СҲШ, ки 16-17 сентябр дар Душанбе доир мешавад ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо ба сарони давлатҳо пешниҳод мешаванд, баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти ҷории Созмон муҳокима карда мешаванд.
Вохӯрӣ то 15 сентябр идома меёбад. ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд. Раисиро Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 баргузор шуд, ба уҳда гирифт. Раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди созмон рост омад ва он таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад.