Ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд
2 октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом дода шуд.
Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро иброз намуда, ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатӣ дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ муҳиммияти тақвият бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкории дуҷониба зарур шуморида шуд.
Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии ду ҷониб протокол ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.