Ҳайати кории вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд
11 сентябр ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад. Сафари ҳайати беш аз 60 нафараи вилояти Хатлон то 18 сентябр идома ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия барои дар сатҳи баланд иҷро шудани барномаи сафар мусоидат менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилдояти Хатлон.
Ҳайати мазкур аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебелу маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун дидан намуда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур бо роҳбарияти минтақаҳои болозикр вохӯриҳо, инчунин дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса «Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқоти тиҷоратӣ дар шакли В2В» байни ширкатҳои тоҷикию туркӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод. Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллари ИМА (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.