Омодагии Душанбе ба СҲШ

То баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои ба шумор боқӣ монд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе охирин корҳои ободонӣ, аз қабили шинонидани гулҳои ҳархелаи мавсимӣ ва бисёрсолаи аълосифат, насби шиору овезаҳои таблиғотӣ ва ғайра бо суръату сифати баланд идома доранд. Ҳоло дар дилхоҳ кӯчаву хиёбон ва дигар мавзеъҳои зебои шаҳр ороишоти аҷибро дидан мумкиш аст, бо тарҳи замонавӣ оро ёфтаанд ва ба ҳусни пойтахти мамлакат фазои идона зам намудаанд. 

Чанд рӯз қабл дар саросари кишвар, махсусан шаҳри Душанбе 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои арзандаи тамоми соҳаҳо, дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд. Рӯзҳои наздик боз як маъракаи муҳими сиёсӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар пеш аст ва а ин муносибат дар шаҳри Душанбе омодагиҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони чорабинии муҳими сиёсӣ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 – ум ба шумор меравад, ки он ба 20 – солагии таъсисёбии ин созмони бонуфузи минтақавӣ рост омад. Имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат ба ин муносибат охирин корҳои ободонӣ бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Мутобиқи маълумот танҳо ба хотири ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва баргузории ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 7 миллион дона гулҳои ҳархелаи мавсимиву бисёрсолаи аълосифат шинонида шудааст.

Чунин амалҳои ободкорона, ки дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои бузурги миллӣ ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ дучанд мегарданд, аз завқи баланди зебоипарастӣ ва меҳмоннавозии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарчашма мегиранд.

Бе шак ба раёсати Тоҷикистон рост омадани 20 – солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай басо рамзӣ буда, боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба шумор меравад, зеро бисёре аз праблемаҳои глобалӣ маҳз дар пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе матраҳ гардида, роҳи ҳалли хешро пайдо менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, имкони баргузор кардани дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалиро доро мебошад.

Ин навбат барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ роҳбарони кишварҳои аъзои созмон, намояндагони воломақоми кишварҳои нозир, намояндагони ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, беш аз 500 нафар хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ҷаҳон ва дигар меҳмонон ташриф меоранд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як нафари онҳо шароити хуби корӣ ва истироҳатӣ фароҳам оварда мешавад.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE