Баъди 26 соли интизорӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад
Чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, баъди 26 соли интизорӣ ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид.
Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ, 23 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Дастаи мизбон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.
АМИТ “ХОВАР”