Тоҷикистон мунтахаби Литваро бо ҳисоби калон мағлуб намуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар шаҳри  Бангкок аввалин ғалаба ба даст овард. Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи В дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бар дастаи мунтахаби  Литва бо ҳисоби калони  9:2 пирӯзӣ  ба даст овард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 6 гол зад. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба нишон расониданд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани се хол имкони ба нимфинал баромаданро нигоҳ медорад.

Хотиррасон мешавем, ки имрӯз дастаҳои мунтахаби Эрон ва Миср дар бозии дигари гурӯҳи «В»  байни ҳам бозӣ мекунанд.

 

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В»

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Литва – 9:2

Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE