Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад
Субҳи имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок мекунад.