Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуданд

1 июл дар Вена мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Мудири кулли Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) Михаэл Шпинделеггер баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба имкониятҳои тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ба ICMPD ҷиҳати амалӣ кардани лоиҳаи «Беҳтар намудани некӯаҳволии муҳоҷирати меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори сипос карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE