Муаррифии лоиҳаи “Боғи Созмони ҳамкории Шанхай”
Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов муаррифии лоиҳаи Боғи “Созмони ҳамкории Шанхай”, ки дар пойтахти мамлакат бо тарҳи замонавӣ ва санъати баланд бунёд мегардад, баргузор шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Боғи “Созмони ҳамкории Шанхай” дар ҷаҳон аввалин иншоотест, ки барои доир кардани чорабиниҳои дастҷамъонаи намояндагони кишварҳои аъзои созмон, намоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию байналмилалӣ, тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ ва гузаронидани муколамаҳо миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бунёд мегардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он дар оянда майдони мусоиди табодули таҷрибаву гуфтушунидҳоро фароҳам хоҳад сохт.
Таъкид гардид, ки лоиҳа ва тарҳи иншооти мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардида, барои бунёди саривақтии он беҳтарин мутахассисон ҷалб хоҳанд шуд. Боғи “Созмони ҳамкории Шанхай” аз ду ошёна иборат хоҳад буд ва дар он барои ҳар як кишвари аъзо гӯшаҳои алоҳида ташкил карда мешавад.
Тибқи лоиҳа дар боғ гӯшаҳои фарҳангӣ, намунаи расму оин ва суннатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷой дода мешавад. Тавре зимни муаррифии лоиҳаи мазкур иброз гардид, бунёди Боғи “Созмони ҳамкории Шанхай” дар шаҳри Душанбе дар оянда имконият фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт бо фарҳангу анъанаҳои кишварҳои гуногун шиносоӣ пайдо намоянд. Боғ ҳамчунин барои рушди муносибатҳои гуманитарию фарҳангии кишварҳои аъзои созмони бонуфуз мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи “Созмони ҳамкории Шанхай” дар рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай ва ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон рост омад.
Дар ин рӯз дар баробари оғози сохтмони Боғи “Созмони ҳамкории Шанхай” ҳамчунин ба кори Фестивали филмҳои бадеӣ ва телевизионии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай “Душанбе-2021” ва Ҷашнвораи синамои Созмони мазкур дар Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз бахшида шуд. Дар ин маросим натиҷаи тадбирҳои то имрӯз гузаронидашуда миёни кормандони касбу кори гуногун ва кӯдакони кишварҳои аъзои созмон муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, дар Намоиши расмҳои кӯдакони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай маҳсули дастранҷи кӯдакони соҳибзавқ муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки барои дарёфти шахсони соҳибистеъдод ҳамеша байни кӯдакону наврасон намоишу озмунҳои расмкашӣ баргузор карда мешавад. Гузаронидани Марафони Созмони ҳамкории Шанхай ва сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷумлаи тадбирҳо дар ин самт мебошад. Зимни ин чорабинӣ иштирокчиён хусусан ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 ва тадбирҳои то ба имрӯз анҷомёфта баҳои баланд дода, нақш ва мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди созмон, баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ назаррасу муҳим арзёбӣ карданд.