Супоридани эътимоднома ба Президенти Миср

15 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ тақдим намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб дипломати тоҷик салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср расонида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо давлати бародари Миср ва мардуми соҳибистеъдоди он аст.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ баён дошта, ба Сафири нави Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE