Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар Берлин

15 сентябри соли 2021 Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон таҷлил намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Дар суханони шодбошии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо зикри дастовардҳои муҳимми кишвари мо дар 30 соли гузашта зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва пешрафту шукуфоӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дошта, ҳифзи он қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Сафир ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро роҷеъ ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон ва комёбиҳои ноилгардида дар 30 соли охир ҷалб намуд.

Барои саҳмгузорӣ дар робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Олмон, муаррифии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дар кишвари иқомат иддае аз намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон аз ҷониби Сафорат қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE