Баррасии мафҳум ва мавзӯи “Ваҳдати миллӣ” дар радиои “Садои Душанбе”
Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастовари миллати тоҷик дар тӯли таърихи пурмоҷарову пурпечутоби ӯст. Ҳатто Истиқлолият, ҳатто озодии мо танҳо дар ҳолаи булӯрини Ваҳдати миллӣ арзиш ва дурахши оламгир метавонад дошта бошад.Илми мо, дониши мо, фарҳанги мо, ҳунари мо, таърихи мо, ойинҳои башардӯстонаи халқи мо гузаштаи пурифтихори миллати мо бо ҳамин Ваҳдати миллӣ ва ягонагии бегазанди халқамон арзиши башарӣ пайдо мекунанд.
Дар ин дунёи пурмоҷаро наметавон бе ваҳдати миллӣ ояндаи миллӣ ба даст овард. Ваҳдати миллӣ бовари мо, сипари мо, зафари мост. Ҳамин Ваҳдати миллӣ миллати мо, халқи мо, кишвари моро аз вартаҳои фалокатҳо наҷот дод. Дар нашри навбатии барномаи “Муждаҳои Истиқлол” ҳамкорамон Неъмати Муҳиб бо ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Комилбек Амид Ёрбек роҷеъ баа мафҳум, мавзӯъ, замина, нақш, рисолат ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ суҳбат намуд, ки саволҳои зерин матраҳ гардиданд:
– Нақши Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон чӣ гуна аст?
– Баъд аз имзои сулҳи байни тоҷикон дар фазои сиёсии Тоҷикистон давраи мураккаби баъдиҷангӣ оғоз гардид ва мушкилоти он аз мушкилоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ камтар набуд. Таҳдид ва фишорҳои дохилӣ ва берунӣ ба ҳукумат дар ҳамон давра хеле зиёд буданд. Аз як тараф, бояд масъалаҳои муҳими сиёсӣ ҳалли худро меёфтанд, аз тарафи дигар, мушкилоти зиёди молиявӣ ва иқтисодӣ дар муддати кӯтоҳ бояд бартараф мешуданд. Таҳлилгарон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон дар такя бо модели давлатдории миллии худ, яъне мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба суннат ва анъанаҳои миллӣ дар ин солҳои мушкил муваффақ шуданд. Назари Шумо ба ин фарзия чӣ гуна аст?
– Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми мамлакат дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули низоми бисёрандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Тасаввур кунед, ки агар он имзо намешуд, имрӯз мо дар кадом вазъ мебудем?
– Кадом омилҳо дар роҳи таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд?
– Ваҳдати миллӣ то кадом андоза ба рушд ва раванди давлатдории навини тоҷикон таъсир гузошт?
– Сулҳи байни тоҷикон таҷрибаи камназир дар ҷаҳон эътироф шудааст. Кишварҳои дигари ҷаҳон метавонанд аз равандҳои сулҳофарии тоҷикон истифода баранд? Агар ҳа, дар кадом шакл?
– Маълум аст, ки дар ҷумҳурии мо дар замони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккул ва рушди низоми миллии қонунгузори тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Дар бораи тағйиротҳои ба қонунгузории дар Тоҷикистон воридшуда чӣ чизҳоро метавон ном бурд?
– Мафҳуми “арзишҳои миллӣ” зиёд ба забон оварда мешавад ва шояд на ҳар кас амиқан ба маънии аслии он сарфаҳм равад. Шумо дар ин самт ва тафсири ин мафҳум чӣ гуфтанӣ доред?
– Барои амалӣ намудани ҳамаи ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба густариши ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд, аз кадом роҳҳо ва бо кадом шаклу усул корбарӣ мебояд?
Посухи ин ва дигар суолҳоро дар нашри такрории барномаи “Муждаҳои Истиқлол”, пагоҳ – 07.07.2021, соати 14:10, аз радиои “Садои Душанбе” бишнавед. Мавҷи моро тарк накунед.