Душанбе: Имрон Хон ва Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Сарвазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дидору гуфтугӯ кард, – иттилоъ додааст хабаргузории “ИРНА”.
Гуфта шудааст, ки ин нахустин дидори раҳбарони ду кишвари ҳамсоя – Эрону Покистон пас аз пирӯзии Сайид Иброҳими Раисӣ дар интихоботи президентӣ аст.
Дафтари сарвазири Покистон гуфтааст, дар бораи ин нишаст ва ҷузъиёти музокироти раҳбарони Эрону Покистон изҳороти расмӣ нашр хоҳад кард.
Қайд шудааст, ки ҷонибҳо равобити дуҷониба ва таҳаввулоти ахир дар минтақа, аз ҷумла авзоъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
Сарвазири Покистон қаблан дар як сӯҳбати телефонӣ Сайид Иброҳими Раисӣ бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон табрик гуфта буд ва онро “зуҳури эътимоди мардуми мо” номида, президенти Эронро ба Покистон даъват кард.
Қабл аз сафари сарвазир ба Тоҷикистон, сухангӯи ҳукумати Покистон гуфта буд, ки раҳбарони Эрон ва Покистон дар ҳошияи нишасти СҲШ мулоқот карда, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус таҳаввулот дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.