ЭЪЛОНИ КАРАНТИНИ ШАДИД ДАР БРИТАНИЯИ КАБИР
Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон бегоҳии дирӯз 4 – уми январ дар муроҷитномаи телевизионии худ иттилоъ дод, ки мамлакатро буҳрони калони авҷи бесобиқаи навъи нави каронавирус, ки хатарнокиаш 40 – 70 дар сад зиёд аст ва суръати хеле баланди сироятшавиро дар худ дорад, фаро гирифта истодааст.
Борис Ҷонсон иброз дошт, ки бинобар ҳолатҳои зиёди сироятшавӣ ва марги бесобиқа зарур мешуморад то аз рӯзи 4-уми январ карантини миллӣ дар Британияи Кабир эълон карда шавад.
Дар ҳамин асно тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар дар як шабонарӯзи охир 58 784 ҳолати сироятёбӣ ва 407 ҳолати марг аз навъи нави каронавирус дар Британияи Кабир ба қайд гирифта шудааст. Ҳолатҳои сироятшавӣ дар рӯзҳои қаблӣ камтар ба назар мерасид аммо шурӯъ аз рӯзи душанбе 4-уми январ ин шумора рекордӣ унвон мешавад, – иброз доштааст Сарвазири Британияи Кабир дар муроҷиатномаи телевизионии худ.
Дар муроҷиатнома ҳамчунин зикр гардидааст, ки аз шаҳрвандони Британия хоҳиш карда мешавад, ки танҳо дар ҳолати бисёр зарурӣ ва он ҳам барои ба мағоза рафтан ва ё дорухона ба берун бароянд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар то имрӯз дар Британияи Кабир 2-миллиону 600-ҳазор нафар ба Ковид-19 гирифтор шудаанду бар асари ин беморӣ 75-ҳазор ҷони худро аз даст додаанд.
Шодонҷон СУЛТОНОВ,
«Садои Душанбе»