Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши Душанбегии Созмони ҳамкории Шанхай
Шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоишҳои навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарони давлатҳои аъзои Созмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, инчунин роҳбарони ҳайатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон дар макони баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.
Ба онҳо роҳбарони кишварҳои нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони воломақоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сохторҳои доимоамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва ҷонишини аввали Сарвазири Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхан, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Наталия Герман, директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов, Раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии Авросиё, Директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд.
Ҳамоиши мазкур дар бинои Кохи Наврӯз, ки ба як муъҷизаи санъати меъморӣ ва ороишии мардуми тамаддунофари тоҷик табдил ёфтааст, баргузор гардид. Чорабинии навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо истиқболи меҳмонони воломақом аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Дидори Кохи Наврӯз оғоз ёфт.
Қабл аз оғози кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони воломақоми 8 давлати аъзои созмон дар тарафи дигари толори Аржанг акси хотиравӣ гирифтанд. Толори Аржанг бо сутунҳои сангин ва нақшу нигори болои сангҳои гуногуни нимқимматбаҳо ва ороишӣ оро ёфта, хеле зебою назаррабо аст.
Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.
Ин ҷаласа дар толори бузурги сафед бо номи Зарандуд, ки баландиаш то маркази гумбаз 36 метр аст ва бо гачкорӣ дар рӯйи ойина оро ёфтааст, ҷараён гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарони давлатҳои аъзо ва нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, Роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов суханронӣ намуданд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар чорабинӣ ба таври маҷозӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ва Дибири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бошад, дар ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бо навори видеоӣ муроҷиат карданд.
Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо дар маҷмӯъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
Пас аз анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамин ҷо нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни Созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.
Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон
Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз бо ташаббус ва дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон баргузор гардид.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.
Дар мулоқот оид ба қазияи Афғонистон ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳури Арманистон Никол Пашинян, суханронӣ карданд.
Сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми кори ҳамоишҳои сатҳи баланд аз руи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.