Ташрифи Президенти Ҷумурии Исломии Эрон ба шаҳри Кӯлоб
Рӯзи 18 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Сайид Раисӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳайати ҳамроҳонаш нимаи дуюми рӯз ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард, – иттилоъ дод Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Раисиро дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир ва дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ботантана пешвоз гирифтанд.
Сипас, гурӯҳи меҳмонон бо ҳайати ҳамроҳонаш оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Баъдан, аз осорхонаи назди оромгоҳ дидан намуда, аз намоиши тетрикунонидашудаи кормандони Театри мусиқӣ мазҳакавии Саидалӣ Вализода рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Дар саҳни оромгоҳ вохӯрӣ бо устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт. Садри маҷлис Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба ӯ дод. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нутқи худ оид ба густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эронро бисёрҷабҳа хонда, қайд намуд, ки миллати эрону тоҷик ҳамзабону ҳамдину ҳамдиланд. Минбаъд равобити Тоҷикистону Эрон бештар густариш хоҳад ёфт.
Пас аз вохӯрӣ меҳмононро намояндагони ҳукумат аз фурудгоҳи Кӯлоб гусел намуданд.