Даври шашуми пример лигаи Англия
Дар доираи даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дастаи Манчестер Сити бар Челси пируз омада, мавқеашро дар ҷадвал бол бурд. Манчестер Юнайтед бошад ин навбат ба шикаст ру ба ру шуда, аз сегонаи аввали ҷадвал поин шуд. Ливерпул имтиёзҳояшро бо Брентфорд тақсим намуд.
Рақобатҳои даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии Англия бо дидор байни дастаҳои “Челси” ва “Манчестер Сити” шурӯъ шуд. Вохӯрӣ байни дастаҳои мазкур бозии асосии давр маҳсуб мешуд. Ин дидор дар майдони “Стемфорд Бриҷ”-и шаҳри Лондон доир гардида, шадиду пурҳаяҷон сурат гирифт. Дар ин бозии сахту сангин шогирдони Хосеп Гвардиола нисбат ба дастпарварони Томас Тухел бозии беҳтар нишон дода, тавонистанд, ки ғалаба ба даст биёранд. Қисми якуми нерӯсанҷӣ бидуни кушодани ҳисоб пушти сар шуд. Тақдири ин дидор дар қисми дуюм бо ягона голи ба самар расонидаи ҳамлавари бразилии “МС” – Габриэл Жезус ҳалу фасл шуд. Дар дақиқаи 54-юм Жезус аз паси Жоау Канселу истифода бурда, тӯри дарвозаи Мендиро рахна кард. Ҳамин тавр, дастаи “МС” дар сафар “Челсиро” дучори шикаст намуд. Баъди ин ғалаба шаҳриҳо 13 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромаданд. Челси бошад бо доштани имтиёзҳои баробар пас аз МС мавқеъ касб кардааст.
Дар варзишгоҳи «Эмирейтс – Эшбертон Гроув» дербии шаҳри Лондон байни «Арсенал» ва «Тоттенхэм Хотспур» баргузор шуд. Набарди ҳарифон пуршиддату тамошобоб сурат гирифта, бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи мизбонон яъне дастаи «Арсенал» хотима ёфт. Мизбонон он чунин рақобатро зебо оғоз намуданд, ки аллакай то дақиқаи 34-ум ба дарвозаи «Тоттенхэм Хотспур» се голи беҷавоб заданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 12-уми бозӣ Эмил Смит ҳисобро боз кард. Баъдан дар дақиқаи 27-ум Пйер-Эмерик Обамеянг натиҷаи дастаашро дуболо кард. Голи охирини мизбононро дар ин сабқати тамошобоб Букайо Сака ба номаш муҳр зад. Дар ин вохӯрӣ нуқтаи ниҳоиро Сон Хин Мин дар дақиқаи 79-уми майдондорӣ гузошт. Баъди ин пирӯзӣ «Арсенал» бо дарёфти 9 хол ба зинаи 10-уми ҷадвал баромад. «Тоттенхэм Хотспур» низ 9 имтиёз дораду дар ҷойи 11-ум мавқеъ гирифтааст.
Мижгонаи НАСРИДДИН,
“Садои Душанбе”