Душанбе: Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 бо шаҳомат доир шуд (СУРАТГУЗОРИШ)

25-26 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest-2021) бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки дар он се ситораи деринтизори эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва ҳунармандони хушовози эстрадаи тоҷик бо суруду оҳангҳои дилнишину марғуб табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Барномаи фарҳангиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки фестивали мазкур соли сеюм аст бо ташаббуси бевоситаи Раиси муҳтарами шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор карда мешавад.

  

Дар даромадгоҳи Фестивал  намоиши  ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, иштирокдорони он, бахусус меҳмонони хориҷӣ  аз  маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намуданд. Баҳри боз ҳам шавқовар гардонидани барнома бозии бурдҳои қиматнок ташкил гардида, иштирокдорон соҳиби  туҳфаҳои арзишманд шуданд.

Инчунин дар Фестивали мазкур парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ,  бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон пешкаш гардид. Барои дӯстдорони ширинӣ   беҳтарин анво пешниҳод гардида,  ҳамчунин навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори сарзамин манзур шуданд.

          

Ёдовар мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» гузаронида шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE