Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остона сазовори 9 медал шуданд
Дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё, ки 23 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оғоз гардида, имрӯз, 3 ноябр анҷом меёбад, 9 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионат байни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд, 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали нуқраро байни наврасон Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг сазовор шуд.
Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов дар вазни то 50кг, Абубакр Ғафуров дар вазни то 66кг, Зиёратшо Қосимов дар вазни то 70кг, Фариноз Абдуллова дар вазни то 52кг, Мино Аъзамзода дар вазни то 60к байни наврасон, Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов дар вазни то 71кг байни ҷавонон ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.