Қарзи ҷавонмардӣ

Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро ёд мегиранд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Шурӯъ аз имрӯз маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз шуд, ки аллакай аз субҳи барвақт ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ихтиёрӣ барои хизмати Модар – Ватан раҳсипор гардида истодаанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Ҳар шахсе, ки ифтихори ватандорӣ дорад, бояд баҳри ҳифзи Ватани хеш омода бошад ва марзу буми онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати ҷавонмардист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки Ватанро меомӯзанд. Ҷавононро зарур аст, то бо сарҷамъиву якдилӣ баҳри ҳимояи Ватан хизматро дар мадди аввал гузоранд. Зеро ояндаи Ватани азизамон дар дасти ҷавонон аст.

Ҳар як ҷавони бедордил бояд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо орад. Осудагӣ ва оромии кишварро қадр намуда, нагузорад, ки касе онро халалдор намояд. Хизмат дар сафи артиш на танҳо қарз, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи мо бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан раванд. Саркашӣ аз хизматро ба худ раво надида, баръакс, ба ҷавонони синни даъватӣ таблиғгар бошанд, то онҳо низ хизмати Ватанро пешаи худ қарор диҳанд.

Имрӯзҳо ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хеле хуб гардидааст ва мисли солҳои қаблӣ нест. Чун анъана дар мавсими баҳор ва тирамоҳ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони ба синни 18-сола расидаро адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳатмӣ мебошад.

Дар муассисаи мо мувофиқи нақшаи «Барномаи давлатии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ барои солҳои 2018-2022» ҳар гуна чорабиниҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Хонандагони муассисаи мо дар озмуни бозиҳои ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» иштирок варзида, дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи аввал гардидаанд. Баргузории чунин чорабиниҳо хонандагонро ҳавасманд мегардонанд. Бо ҳамин мақсад ҳамасола вохӯрии хонандагони муассисаи мо бо сарбозон дар дидбонгоҳи сарҳадӣ гузаронида мешавад. Сарбозон ба муассиса таклиф карда мешаванд ва бо хонандагон суҳбатҳо мегузаронанд. Дар нақша дорем, то вохӯрии хонандагон бо хатмкардагони муассисаро, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, баргузор кунем.

Ҳамагон бояд шукри замони осоиштаро кунем, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои ҳарбии кишвар тамоми шароит барои хизмат ва фаъолияти сарбозон муҳайё гардидааст. Роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то хизмати сарбозон бе душворӣ гузарад ва онҳо бо сари баланд ва сиҳату саломат ба назди волидайн баргарданд.

Пас, мо бояд барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ кӯшишу талоши пайваста намуда, омӯзиши бардавоми илму дониш, заҳмату ҷустуҷӯро дар мадди аввал қарор диҳем.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE