Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму симимӣ истиқбол гирифтанд. Намояндагони аҳли фарҳангу зиё ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу шодӣ ба Президенти маҳбуби хеш садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилоятро эҳдо намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE