Ифтитоҳи толори пазироии меҳмонони олимақом дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави толори вакилони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд. Ҳадаф аз тачдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон маҳсуб меёбад. Дар толори вакилони расмии фурудгоҳ баъди навсози нахустин чорабинӣ – мулоқоту суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин кӯдакон, ки ба ҳукми тақдим аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона ва бо меҳри падарона суҳбат намуданд. Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо – сару либос ва маблағи пулӣ тақдим доштанд. Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархурдоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд, дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ ва саробону сарпарасти худро доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд бояд то ба воя расидану ба ҳаёти мустақил гусел кардан, таҳти назорату ғамхории доимӣ қарор дошта бошад.