Агентии обуҳавошиносӣ аз борону барф гуфт

21-22 октябр дар ҷумҳурӣ номусоид шудани вазъи обу ҳаво пешбинӣ шуда, боридани борон ва дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳ гузариши борон ба барф дар назар аст, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар чангу ғубор ба амал меояд.

Инчунин дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. 22-23 октябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-12 дараҷа паст мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE