Душанбе: Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолу гулҳо дар соли 2022 тасдиқ гардид

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 20 октябри соли равон  нақшаи чорабиниҳо  оид ба шинонидани ниҳоли  дарахту буттаҳо,  гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022  тасдиқ  гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар қарори шаҳрдорӣ омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори  соли 2022 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд, Иқдоми мазкур бо  мақсади  ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва  майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт   ба роҳ монда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро  вазифадор намуд, ки   баҳри сари вақт иҷро намудани  чорабиниҳои  мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои ободониву сабзазоркуниро   бо сифати баланд  ва мутобиқ  ба замони  муосир  анҷом  диҳанд.

Хотиррасон менамоем, ки  соли равон  як зумра  корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли равон бо мақсади сабзу хуррам гардонидани хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилоти шаҳри Душанбе ба миқдори 226, 3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 14,2  миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 254,4 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд. Инчунин бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 5465 бех дарахтони ороишию сояфкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷиҳати вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сабзазоркунӣ , тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар ду давра баргузор гардида, даври ноҳиявии он то 15 майи соли 2022 доир шуда, даври шаҳрии он  то 30 майи соли 2022 бояд ҷамъбаст шавад. Ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE