Ҳунарнамоии беназири футболбозони тоҷик дар сархати расонаҳои варзишӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин иштирокаш дар Ҷоми Осиё дар кӯшиши аввал алаккай иштирокчии даври чорякниҳоии мусобиқа гардид – менависад сомонаи варзишии Спорт.ру. Дар чорякфинал Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти Ироқу Урдун бозӣ мекунад.

Тавре расонаи мазкур дар шарҳи муфассале нигоштааст, тоҷикон таърих сохтанд! На танхо ҳайати даста, балки тамоми Тоҷикистон ин ғалаба ва дастоварди дастаи худро ҷашн мегиранд. Амороти Муттаҳидаи Араб дар натиҷаи силсила зарбаҳои пеналтӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум монд. Футболбозони дастаи мунтахаби мо метавонистанд дар вақти асосӣ ин корро анҷом диҳанд, аммо ҳимоятгар Халифа Ал-Ҳаммадӣ дар дақиқаи 95-ум ҳисобро баробар кард. Дар натиҷа онҳо пас аз силсилаи зарбаҳои 11 метра пирузӣ ба даст оварданд. Дарвозабони 25-солаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба ҳамдастаҳои худ кумаки беандоза кард. Вай на фақат дар силсилаи зарбаҳои пеналти, балки дар давоми бозй низ чанд маротиба тимашро аз ҳолатҳои ногувор раҳо кард.

Дар давоми бозӣ дарвозабони тоҷик 5 зарбаи мустақимро ҷониби дарвозааш баратараф карда, бо ин унвони қаҳрамони асосии дидорро соҳиб шуд. Тоҷикистон дар раддабандии тими миллии ФИФА дар ҷои 106-ум қарор дорад. Барои муқоиса, АМА дар ҷои 64-ум қарор дорад. Яке аз созандагони асосии пирӯзӣ Рустам Ятимов, дарвозабон, пас аз чанд соли фаъолият дар дастаҳои Русия ба тими “Исиқлоли”-и Душанбе гузашт ва аз соли 2019 ба тими миллии кишвараш ҷалб шуд. Дар баробари дарвозабон саҳми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон низ дар ғалабаи шогирдонаш беандоза аст.

Мутахасиси хорватии 56-сола Петр Сегрт қабл аз Тоҷикистон дастаҳои Индонезия, баъдан дастаҳои миллии Афғонистон ва Молдивро сарварӣ кардааст (бо ҳамроҳии онҳо низ дар Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ ғолиб омада буд). Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2022 ба ҷои Усмон Тошев, мураббии узбакистонӣ Петр Сегртро ба унвони самурабби таин кард, ки ӯ дар муддати кутоҳ натиҷаҳои назаррас нишон дода тавонист. Ин натиҷаҳои ба даст оварда, ки дар таърихи футболи тоҷик бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, номи сармураббӣ ва ҳайати футболбозони мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад кард. Умедворем мунтахаби Тоҷикистон то охир рақобатро ба таври сазовор ва ҳайратовару ҷолиб идома медиҳад.

Раҳмонзода Мижгон, Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE