Агентии обуҳавошиносӣ аз боридани барф огоҳӣ дод

17-18 ноябр дар ҷумҳурӣ  ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз  Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17 ноябр дар  минтақаҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи марказ бориши бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи  ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. 17-20 ноябр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

17-18 ноябр дар шаҳри Душанбе якбора номусоидшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. 17 ноябр дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол бо суръати то 10-15 метр дар як сония  вазида, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-12 дараҷа  паст мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

17-18 ноябр дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE