Душанбе: Озмуни рассомони наврас доир мегардад

Аз 21 то 25 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рассоми наврас» озмуни соҳибистеъдодҳо доир мегардад, ки дар он наврасони аз 7 то 18-сола метавонанд иштирок намоянд, иттилоъ доданд аз маркази матуботи Вазорати фарҳанги мамлакат.

Озмуни соҳибистеъдодҳои «Рассоми наврас» бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ-амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ), рассомӣ, таблиғу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон, омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва наврасону ҷавонон, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон, интихоби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи касбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Озмун мусобиқаи эҷодӣ буда, дар ду давр аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои Тоҷикистон, истиқлол, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва вобаста ба синн дар се гурӯҳ доир мегардад: а) гурӯҳи хурдсол (аз 7 то 10-сола); б) гурӯҳи наврасон (аз 11 то 14-сола); в) гурӯҳи наврасон (аз 15 то 18-сола).

Иштирокчиёни озмун имкон доранд, ки аз рӯи намудҳои зерин асарҳои ҳунарии хешро пешниҳод менамоянд: санъати тасвирӣ (мусаввирӣ, графика, ҳайкалтарошӣ), санъати ороишӣ-амалӣ (кандакорӣ, наққошӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, батик-нақш дар матоъ, гобелен-қолинбофии бадеӣ) ва дизайн (графикаи компютерӣ, санъати мӯд).

Ғолибони ҷой аввал (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, ҷои дуюм (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва ҷои сеюм (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 700 сомонӣ, инчунин бо ифтихорномаҳо, мукофотпулӣ ва туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин ба 31 нафар Дипломи озмун, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ низ тақдим мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE