Вуруди 141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech»
15 декабр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон 141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вояи ваксинаи «Pfizer-BioNTech» бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ворид шудааст.
То 15 декабр дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686 нафар ё 58,1 фоизи одамон бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар ё 47,3 фоизи шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.