Роҷеъ ба тарбуз

Дар шомгохон хӯрдани тарбуз барои ҳамаи одамон муфид аст. Аз ҷумла, ба нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, тавсия дода мешавад. Тарбуз дорои хусусиятҳои шифобахшӣ буда, таркибаш аз витаминҳо бой мебошад.

Таркиби тарбуз асосан аз об иборат буда, он тахминан 92 фоизи онро ташкил мекунад. Дар айни замон, он миқдори зиёди маводи ғизоиро дорост. Ҳамчунин, тарбуз аз витаминҳои A, B6 ва C, ликопен, антиоксидантҳо ва аминокислотаҳо бой аст. Ҳатто, миқдори ками калий ҳам дар такриби онмавчуд мебошад. Ғайр аз он, он равған надорад ва сатҳи натрий хеле паст аст. Як пиёла оби он 40 калория дорад. Дар ҷаҳон зиёда аз 50 навъи тарбуз мавҷуд аст, аммо дар байни онҳо тафовути бузурге нест.

3 августро дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилаллии тарбуз ҷашн мегиранд. Асосан ин идро аҳолии Амрико бо тантана таҷлил мекунанд, зеро ин ҷашн мисли ҷашни “Hot-dog” барояшон шавқовар мебошад. Дар ИМА ин намуди меваи торопикӣ хеле машҳур буда нархи гарон ҳам дорад. Асосан ранги ин меваи тропикӣ сабз, сурх ва зард буда онро дар 96 давлати дунё парвариш мекунанад. Ҳоло 1200 намуди ин меваи тропикӣ маълум мебошад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ватани тарбуз Африқо мебошад, вале айни замон  аз ҳама зиёдтар дар Чин парвариши тарбузро зиёд ба роҳ мондаанд.

Дар вилояти Хатлон тарбуз ба таври оммавӣ парвариш карда мешавад. Навъи маъмултарини он “Crimson Sweet” мебошад. Ҳосилнокаш баланд аст – 10 кг / м2. Он зуд пухта мерасад ва ҳамчун растании барвақтӣ ҳисобида мешавад. Ба хокҳои хушк тобовар аст. Он рустании як ё бисёрсолаи полизӣ аз оилаи кадуихо мебошад . Мевааш ҳамчун харбуза маъмул аст. Ватани тарбуз — Африко (Миср). Дар Ҳиндустон  тахминан 3 ҳазор сол пеш кишт мекарданд.

Зулайхо САФАРОВА,

“Садои Душаанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE