Кӯлоб: Филиали КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид

17 декабр дар шаҳри Кӯлоб  маросими кушодашавии филиали корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид, иттилоъ додан аз маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк».

Зимни ифтитохи филаили мазкур раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшҳо Бобозода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ба фаъолият оғоз намудани филиалҳои Бонк дар доираи дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи Нақшаи кории Бонк дар соли 2021 сурат гирифта, ифтитоҳи филиалҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ дар назар дошта шудааст.

Филиали мазкур моҳияти минтақавӣ дошта, аз 5 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла, мудир, шуъбаи ҳисобдорӣ, қарзӣ ва қисми амалиятӣ иборат аст.

         

Бояд гуфт, ки бо кушода шудани филиали мазкур 12 нафар мутахассисони ботаҷрибаи маҳалӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Филилаи Бонк дар минтақа ҷиҳати афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ нақши муҳим бозида, барои корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда, соҳибкорони инфиродӣ, банду баст ва нигоҳдории молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE