“Фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият — ЮНЕСКО” дохил шуд”,-бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг
Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият — ЮНЕСКО ворид гардидани номинаи «Фалак» бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги мамлакат, олимон ва устодону донишҷӯён нишасти матбуотӣ доир гардида, зимни он китоби тозанашри фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён таҳти унвони «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ) муаррифӣ шуд.
Зимни ифтитоҳи нишаст директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ доир ба ворид гардидани номинаи фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО маърӯза намуд.
Фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён иброз дошт, ки таърихи пайдоиши жанри фалак асосан давраи пеш аз асри X маҳсуб мешавад. «Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо меҳисобанд. Ҳеҷ як жанр, хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар, бе хусусияти хос буда наметавонад. Иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун маълум буда, хусусияти шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матни сурудҳо вобаста ба хусусияти фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб меёбад. Фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада наметавонад. Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад, ки аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад».
Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон зикр намуд, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби ЮНЕКСО анаъанаи миллии ягон давлат қабул мегардад. Қабул гардидани номинаи фалак дар соли 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муждаи фарҳангӣ буда, фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Мавсуф зикр намуд, ки 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинаи «Фалак»-ро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ доир ба вижагиҳои жанри фалак ва чӣ гуна ворид гардидани ин номина ба Феҳристи ЮНЕСКО саволу ҷавоб сурат гирифт.
Комрони АБДУВАЛӢ,
“Садои Душанбе”