Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷаласа доир шуд

Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзии тезвайроншаванда, бахусус пиёзи барвақтӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуда, зиёд намудани содироти пиёзи барвақтӣ аз вилояти Хатлон, мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр шуд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ- ин дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани содироткунандагони ватанӣ мебошад.

Зикр шуд, ки ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани қобилияти рақобатноки маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ бояд қарорҳои зарурӣ қабул карда шаванд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE