Шаҳодатномаи иқболи тоҷик

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Ин падидаи беназири таърихӣ сарчашмаи  пешрафтҳои бесобиқаи кишвар дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ гардид. Ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ташаккул додани муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, ба ин васила заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам овард. Бо ин мақсад ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд. Соҳибкорони мо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 31 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд, ки ин ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуд.

31 сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин падидаи сиёсӣ дар тақдири ин миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни олам ба вуқӯъ пайваст-Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид ва аз ҳамин рӯзи фархунда ҳарсола ин сана чун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими миллиамон аз ҷониби хурду бузург  мутантан, бо самимияту дилгармиву ифтихори хосса таҷлил мегардад.

Дар оғӯши Ватани нозанину маҳбуб 31-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи шарафу номуси миллати фарҳангпарварро бароятон аз номи тамоми кормандони радиои “Садои Душанбе “ муборакбод мегуем.

Фируз Каримзода

Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE