Кумакҳои Пешвои миллат ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб расонида шуданд

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии мамлакат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  расонида шуданд, хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Кумакҳои мазкурро муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва дигар шахсони масъул  тақдим намуданд. Кумакҳо  аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ иборат буда, инчунин барои 125 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.

Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.

     

 Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE