Нозим Бобоҷонов ва Нуриддин Давронов ба дастаҳои «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн ва «Персита»-и Индонезия гузариш намуданд
Нимҳимоятгари дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Нозим Бобоҷонов ба дастаи «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн гузариш намуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи футболи «Ал-Аҳлӣ» дар Премйер Лигаи Баҳрайн баромад мекунад. Дастаи футболи «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн баъди 7 даври рақобатҳо дар зинаи охири ҷадвал бо чаҳор имтиёз мавқеъ дорад. Нозим Бобоҷонов дар ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардидааст. Бозингари шинохтаи 30-солаи тоҷик Нуриддин Давронов фаъолияти футболбозии худро дар дастаи футболи «Персита»-и Индонезия идома медиҳад.
Шартнома миёни футболбоз ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст. Акнун Нуриддин Давронов шарафи дастаи футболи «Персита»-и Индонезияро ҳимоя мекунад. Нуриддин Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия «Борнео» шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи футболи «Борнео» якчанд рӯз пеш ба охир расид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Борнео»-и Индонезия пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав ба имзо расонд. Акнун Кей ивазкунандаи Нуриддин Давронов дар дастаи футболи «Борнео» буда, ҳамчунин таҳти рақами 8 ба майдон мебарояд.