Кумитаи кор бо ҷавонон олимонро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ даъват менамояд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2022 озмун эълон менамояд, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ — ин қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок намудан дар озмунро доранд. Дар озмуни мазкур ба тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, мавод ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи академикҳо Раҷабовҳо  аз 1 феврал то 1 майи соли 2022 сурат мегирад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE