Озмуни “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон”
Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имкониятҳои содиротии Тоҷикистон озмуни ҷумхуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” – ро эълон кардааст.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти содироткунандагони боэътимод ва маҳсулоти содиротии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба содирот нигаронида шудааст хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, тибқи тартиб ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба унвонии Агентӣ пешниҳод намоянд.
Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ғолибони Озмун бо сертификат ва мақоми «Беҳтарини содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ мегарданд. Озмун дар арафаи ҷашни Наврӯз ҷамбаст мегардад.